Лекции.Орг


Поиск:




Категории:

Астрономия
Биология
География
Другие языки
Интернет
Информатика
История
Культура
Литература
Логика
Математика
Медицина
Механика
Охрана труда
Педагогика
Политика
Право
Психология
Религия
Риторика
Социология
Спорт
Строительство
Технология
Транспорт
Физика
Философия
Финансы
Химия
Экология
Экономика
Электроника

 

 

 

 


Дар баёни аҳкоми муртад




Шахсе, ки бо яке аз сабаби куфр ба риддат афтода, аз дин хориҷ шудааст, фавран аз ҳолати куфр худро халос гардонад (агар ғайри Исломро пайрави кардааст, аз он роҳи ботил баргардад) ва бо нияти мусалмон шудан, калимаи шаҳодат бар забон ронад ва ба Ислом баргардад. Калимаи шаҳодат ин аст:

Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Му ҳ аммадан Расулуллоҳ”

“Гувоҳӣ медиҳам ба ҳақиқат, ки нест маъбуде ба ҷуз Худои ягона ва гувоҳӣ медиҳам, ки Му ҳ аммад пайғамбар ва расули Худо аст”.

Агар шахси муртад бо гуфтани калимаи шаҳодат ба Ислом барнагардад, ҳокими мусалмон ўро ҳозир кунад ва шубҳаву иллати риддати ўро бартараф мекунад ва барояш то се рўз мўҳлати андеша диҳад ва дар ин муддат қабули Исломро бар ў арз кунанд, то ки ба дин бозгардад. Вақте, ки бо гуфтан ва тасдиқ кардани калимаи шаҳодат ба Ислом бозгардад, хушбахт ва сарбаланд аст ва агар бознагашт, ҳокими муслимин мувофиқи дастуроти шариъат, ўро ба ҷавобгарӣ маҳкум мекунад.

Ҳокими мусалмон, ҳукми риддатро дар асоси гувоҳии ду шоҳид ё эътирофи худи муртад ҷорӣ месозад.

Шахсе, ки дар ҳолати риддат аз дунё меравад, тамоми амалҳои нек ва савоби кардааш барбод меравад ва танҳо гуноҳи ў боқӣ мемонад. Бинобарин риддат аз бадтарин навъи куфр аст. Чуноне, ки дар ин бора Қуръони маҷид мефармояд:

`tBur öàÿõ3tƒ Ç`»uKƒM}$$Î/ ô‰s)sù xÝÎ6ym ¼ã&é#yJtã uqèdur ’Îû ÍotÅzFy$# z`ÏB z`ƒÎŽÅ£»sƒø:$# ÇÎÈ

Яъне: “Касе, ки баъд аз имон (мусалмон будан) кофир шавад, бешак тамоми амалҳои некаш бекор шуда ва дар охират аз ҷумлаи зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд”. (сураи Моида ояти 5).

Ҳамаи муомилоти муртад мавқуф аст, (яъне агар Ислом орад, дуруст мешавад вагарна вайрон аст) рўзаи ў низ ботил мешавад (агар рўзадор буд) ва ҳамсари ў аз вай ҷудо мегардад (никоҳашон бурида мешавад ва фарқе нест, ки шавҳар ба риддат афтодааст, ё зани ў ба риддат афтодааст).

То вақте, ки муртад ба Ислом нагаравад, никоҳи шаръӣ кардани ў бо касе аз мусалмон ва ғайри мусалмон дуруст нест. Инчунин забҳ ва қурбонии муртад ҳаром аст ва моле, ки дар вақти риддат касб кардааст ба наздиконаш мерос намегузорад, балки Ҳоким онро дар байтул-мол мегузорад. Агар муртад аз дунё дар ҳоли риддат равад, ҷасади ўро ғусл намедиҳанд (яъне намешўянд, чуноне, ки мусалмонро мешўянд) ва ўро кафан намекунанд ва дар қабристони мусалмонон дафн намекунанд. Зеро, ки вай аз дини мусалмонӣ хориҷ шуда, аз ҷумлаи мусалмонон нест.

@@@

ФАСЛ

Бар ҳар шахси мусалмони мукаллаф анҷом додани фароизу воҷиботи динӣ лозим аст, ҳамчуноне ки Худо амр кардааст. Яъне бо риояи тамоми аркону шароити онҳо ва аз он чизҳое, ки ибодат ва муомилотро вайрон созад, бояд худро дур бигирад.

Инчунин бар мусалмон амри маъруф ва наҳӣ мункар намудан ба қадри тавонаш лозим аст, то шахсони бенамоз ва дар фисқ олударо аз роҳи бад боздорад ва тариқи ибодат кардану амалҳои нек анҷом доданро ба онҳо биёмўзонад. Чунки яке аз ҳаққи бародарӣ, амри ба маъруф кардан ва манъ аз корҳои бад кардан аст, ки агар мусалмонон ин ду чизро тарк кунанд, фасоду вайронӣ ҳамаро фаро хоҳад гирифт. Инчунин аҳли хонадону фарзандони худро таълими илми динии зарурӣ намудан воҷиб аст, аз ҷумлаи масоили ақоид, таҳорат, намоз, ҳаром ва ҳалол ва... Зеро ҳар шахс дар охират ва дар дунё аз зердастони худ пурсида мешавад ва ў бар эшон ҷавобгар аст.

Агар шахс ба дур кардани кори зишт қодир бошад, пас онро бо дасти худ дур кунад ва агар бар ин тавон надорад, пас бо забон (бо гуфтан) дур кунад ва агар барои ин ҳам тавоноӣ надорад, пас бо дили худ инкор намуда, аз кори бад норозӣ бошад, ки ин охирин мартабаи тавоноии мўъмин аст.

Аҳкоми таклифӣ

Шахсе, ки ақли солим дорад (яъне девона набошад) ва ба синни балоғат расида бошад, бар вай аҳкоми таклифӣ ҷорӣ мешавад. Яъне дар амалҳо ва рафтори худ мустақил ва масъул гардида, амалҳои хуб ва бади ў дар номаи аъмолаш сабт карда мешавад. Аломатҳои болиғ шудани шахс, ба мисли баромадани манӣ - эҳтилом, пайдоиши ҳайз дар занон ва расидани мўйи зери ноф ва амсоли инҳо аст. Ва ё замоне, ки инсон ба синни понздаҳ солагӣ мерасад, ў мукаллаф мегардад, агарчи дар вай аломатҳои мазкур дида нашавад. Пас, бар шахси мукаллаф донистан ва амал кардани фармудаҳои зарурии дин ва дур будан аз корҳои ҳаром ва манъшудаи он, лозим мегардад.

 

Уламои киром аҳкоми таклифиро ба чанд навъ ҷудо намудаанд ва он ба ин тариқ аст:

1) Фарз – он чизе аст, ки дар шариъат анҷом додани онро ба таври ҳатмӣ талаб карда шудааст. Далили фарз бо оятҳои Қуръонӣ ё ҳадисҳои мутавотир (машҳур) ва иҷмоъи мусалмонон ба таври қатъӣ собит шудааст. Бинобарин, ҳар касе, ки фарзро бо ихлоси дил ба ҷо меорад, савоби бузург мегирад ва агар аз рўи танбалӣ ва ғафлат тарк кунад, гунаҳкор мешавад ва агар фарзи иттифоқиро инкор (рад) кунад, кофир мешавад.

Фарз ду навъ аст: фарзи айн ва фарзи кифоя. Фарзи айн бар ўҳдаи ҳар шахси мукаллаф вогузор шудааст, монанди намозҳои фаризаи панҷвақта, рўзаи Рамазон... Фарзи кифоя: бар дўши ҷамоъаи шахсони мукаллаф вогузор шудааст, ки агар баъзе аз онҳо онро иҷро намоянд, аз ўҳдаи боқӣ соқит мешавад, монанди намози ҷаноза, ғусл додани маййит...

2) Воҷиб – ҳукме аст, ки кардани онро шариъат ба таври ғайри қатъӣ (далели гумонӣ) талаб намудааст ва далели он бо ҳадиси ғайри машҳур ё қиёс собит шудааст. Бинобарин, ҳар касе ки онро бо ихлос анҷом диҳад, соҳиби савоб мегардад, аммо тарк кунад гунаҳкор мешавад, вале инкоркунандааш кофир намешавад. Воҷиб: мисли намози Витр, намозҳои Ид, қурбонӣ кардан, хидмати волидайн намудан....

3) Чизеро, ки шариъат ба таври ғайри ҳатмӣ талаб карда бошад, онро суннат меноманд. Суннат – гуфтор, кирдор ва қарордоди Паёмбар а лайҳиссалом аст. Суннат низ ду навъ аст, яке суннати муаккада ва дигар суннати ғайри муаккада. Суннати муаккада суннате аст, ки Паёмбар а лайҳиссалом онро бештар кардаанд ва гоҳ-гоҳ тарк кардаанд. Суннати ғайри муаккада он аст, ки Паёмбар онро гоҳ-гоҳ карда ва гоҳ накардаанд. Пас касе, ки пайравӣ аз Паёмбар намуда, суннати эшонро анҷом медиҳад, лоиқи савоб мегардад, вале дар тарки суннат иқоб ва азоб нест.

4) Ҳар коре, ки шариъат парҳез кардани онро ба таври ҳатмӣ фармуда бошад ва далели манъи он бо ояти китоб ва ҳадиси машҳур қатъӣ собит шуда бошад, онро ҳаром меноманд.

Пас шахсе, ки дар ҳаром меафтад, сазовори гуноҳ ва азоб аст ва парҳезкунандаашро савоб ва наҷот аст ва инкоркунандаашро куфр ва азоб аст. Ҳаром, монанди: қатли ноҳақ, хамр (арақ, нашъа...), зино, қимор, дуздӣ, ғайбат.....

5) Ҳар чизи манъшудае, ки дар шариъат бо далили ғайри қатъӣ (гумонӣ) собит шудааст, онро макрўҳи таҳримӣ меноманд. Кунандаи он гунаҳкор аст ва накардани он савоб аст. Монанди фиреб додан дар вақти савдои матоъ, дохили масҷид наҷосат андохтан ва амсоли инҳо.

6) Ҳар чизеро, ки дар шариъат ба таври ғайри ҳатмӣ манъ карда шудааст, онро макрўҳи танзиҳӣ меноманд. Касе, ки онро анҷом диҳад лоиқи азоб намешавад, вале дар тарк карданаш савоб аст. Макруҳи танзиҳӣ мисли: дар вақти таҳорат беузр сухан гуфтан ё обро зиёда аз зарурат исроф кардан ва...

7) Мубоҳ (рухсат) – ҳукме аст, ки дар шариъат кардан ва нокарданаш баробар аст, яъне дар кардан ё тарки он чизе нест. Мубоҳ ҳамчун: аз моли ҳалоли худ таъоми лазиз хўрдан ё либоси зебо ва муносиб пўшидан ва ғайра....

8. Муфсид – ҳукме аст, ки ибодат ё муъомиларо вайрон мекунад, мисли дар намоз гап задан, ки намоз фосид (яъне вайрон) мешавад.

❁❁❁

# Фасл дар баёни таҳорат ва намоз #

Маънии таҳорат дар луғат тозагӣ ва покӣ аст. Ва дар истилоҳи шариъат покӣ аз наҷосати ҳақиқӣ ва ҳукмӣ аст.

Яке аз шартҳои намоз таҳорат аст ва таҳорати махсусе, ки пеш аз намоз карда мешавад, онро вузўъ меноманд ва дар вузўъ чаҳор чиз фарз аст.

1). Шустани рўй аз дамидани мўйи пешонӣ то зери манаҳ ва аз як нармии гўш то нармии дигари он. Ин ҳадди рўй аст, ки дар вузўъ шустанаш фарз аст. Аммо касе, ки риши ғафс ва зич дошта бошад, таҳти онро шустан фарз нест, балки болои ришро тар намояд (ё масҳ кашад) кифоя аст.

2). Шустани ду даст бо ҳамроҳии оринҷи даст ва ҳар чизе, ки аз сари ангуштон то оринҷи даст бошад, фарз аст.

3). Масҳ кашидани чаҳоряк ҳиссаи сар (ба миқдори носия – қисми пеши сар, ки ҳангоми рўбарў шудан намоён мешавад, носия меноманд) фарз аст.

4). Шустани ҳар ду пой ҳамроҳи шитолинги пой, аз сари ангуштони пой то охири шитолинг ва ҳар чизе, ки байни онҳост.

Суннатҳои вузўъ

1) Нияти таҳорат кардан барои адои намоз суннат аст.

2) Дар ибтидо “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” гуфтан.

3) Шустани ду даст то банди даст.

4) Мисвок кардани дандонҳо.

5) Мазмаза – обро дар даҳон гирифта, онро некў бо ғарғара шустан (агар рўзадор бошад, ғарғара намекунад).

6) Истиншоқ – обро дар бинӣ карда шустани он.

7) Хилоли риш ва ангуштони даст ва пой кардан.

8) Пайдарпай шустани аъзоҳои шусташаванда.

9) Риоя намудани тартиб вақти таҳорат кардан, (ҳамчунонки дар Қуръон ва аҳодис зикр шудааст).

10) Масҳи тамоми сар намудан (як бор).

11) Масҳи ду гўш кардан бо оби боқимондаи аз сар.

12) Ҳар аъзоро се бор се бор шустан.

13) Мустаҳаб аст, ки ҳангоми шустани узвҳо ибтидо аз рост кунад, (яъне аввал дасти ростро шўяд, баъд чапро...).

14) Масҳи гардан кашидан, бо пушти ангушт мустаҳаб аст.

 

Шиканандаҳои вузўъ

1) Ҳар чизе, ки аз пасу пеши одамӣ барояд, вузўъро мешиканад. Яъне хоҳ чизи одатӣ буд, мисли бод, бавл ё ғайри одатӣ, мисли санг ё кирм...

2) Ҳар он чизи нопоке, ки аз ғайри ин ду махраҷ барояд ва дар бадан ҷорӣ шавад, (монанди хун, рим) вузӯъро мешиканад.

3) Касе, ки аз даҳонаш хун қай кунад, ки оби даҳон сурх шавад ё ба пурии даҳон чизеро қай кунад (агар чи оби холис бошад), вузӯъаш мешиканад.

4) Ба паҳлӯ ё дарозкашида хоб кардан, ё ба чизе такя карда хоб кардан, ки агар чизи такякардаро дур кунанд, шахси такякунанда бияфтад, вузӯъаш мешиканад.

5) Агар ба сабабе ақли инсон дур шавад, мисли девонагӣ ё беҳушӣ, пас вузўъаш мешиканад.

6) Агар дар вақти намоз гузоридан шахси болиғ қаҳқаҳа кард (бо овоз ханда кунад, ки бишнаванд) вузӯъаш мешиканад.

7) Агар аврати мард ва зан дар ҳолати бараҳнагӣ бо ҳам расанд, вузўъ мешиканад.

Дар бёни масҳи мўза (масҳӣ)

Бар болои мўза (масҳӣ) масҳ кашидан раво аст ва ин бо суннат собит шудааст, ки дорои якчанд шартҳо мебошад:

1) Мўза ё масҳие, ки ба он масҳ мекашад аз чарм ё чизе дурушт бошад, ки бо он роҳгаштан мумкин бошад.

2) Мўза (масҳӣ) бояд, шитолинги пойро бипӯшонад.

3) Об ва тариро дар таҳти худ роҳ надиҳад.

4) Бидуни бастан дар пой қоим биистад.

5) Мусалмоне, ки дар пой чунин мўза ё масҳӣ мепўшад, бояд баъди таҳорати пурра кардан онро пўшида бошад.

Масҳ кашидан бар мўза ба миқдори се ангушти даст фарз аст, ки бо ангуштони тар болои он масҳ бикашад.

Мусалмони масҳипўш, ки дар ватани худ муқим аст, то як якшабонарузӣ бар мўзааш масҳ бикашад раво аст. Агар дар сафар бошад, то се шабонарўзӣ масҳ мекашад. Муддати масҳ аз вақти шикастани таҳорати аввалин, ки баъди он масҳӣ пӯшида шуда буд, ҳисоб карда мешавад.

Шиканандаҳои масҳ: вақте, ки муддати масҳ мегузарад, ё таҳорат шиканад, ё масҳиро аз пояш берун кунад (агар чи яке аз масҳиро бошад) масҳ вайрон мешавад. Пас, агар дар ҳоли масҳиро аз пой кашидан таҳорат дошта бошад, фақат пояшро мешўяду бас. Аммо агар дар вақти масҳиро кашидан таҳорат надошта бошад, пас таҳораташро низ пурра мекунад. Агар бар шахси масҳипўш ғусл кардан фарз шавад, (яъне чун ҳайз бинад ё ҷанобат расад) ҳангоми ғусл кардан, албатта масҳиро аз пойи худ мебарорад.

Масҳие, ки сурохӣ ва даридагии зиёда аз ҳаҷми се ангушти хурди пой дошта бошад, барои масҳ кашидан салоҳият надорад.

Мусалмонеро, ки ягон ҷои баданаш захмӣ шуда бошад ва бар онҷо латта ё чизеро баста бошад, ў низ дар вақти таҳорат кардан болои он масҳ кунад раво аст. Ва чунин ҷароҳати басташударо «ҷабира» мегўянд. Ҳар гоҳе ки он ҷароҳат сиҳат шавад, баъд онро шуста мешавад. Масҳи ҷабира муддати муайян надорад, то даме ки сиҳат нагардад. Ва инчунин ҳангоми бастани ҷабира таҳорат доштан низ шарт нест.

 

$ Дар баёни масоили ҳайз ва нифос $

Ҳайз - хуне аст, ки аз раҳми зани ба балоғатрасида бе дард ва иллати беморӣ хориҷ мешавад. Донишмандони мо муддати камтарини онро ба се шабонарӯз ва муддати аксарашро ба даҳ шабонарӯз андоза кардаанд. Бинобарин, хуне ки дар камтар аз се рӯз ё зиёда аз даҳ рӯз меояд, онро дар ҳукми ҳайз намедонанд, балки онро “истиҳоза” мегӯянд, ки ҳукми он дигар аст[2]. Агар занеро, ки рӯзҳои ҳайзаш дар панҷ ё шаш рӯз қарор гирифта бошад, пас ҳамин рӯзҳо барояш дар ҳукми ҳайз буда, онро рӯзҳои одатии вай меноманд. Ҳар навъ ранге, ки зан дар рўзҳои муддати ҳайз мебинад он ҳайз аст, магар ранги сафеди холис.

Нифос - хуне аст, ки баъд аз таваллуд кардани зан меояд ва муддати камтарини вайро андозаи муайян нест, вале муддати аксари он чиҳил рӯз аст. Пас аз вилодати фарзанди дуввум ҳар занонро муддати одатии нифос низ маълум мегардад, ки пас ҳамон муддати муқаррарӣ барои онҳо нифос ҳисобида мешавад.

 

 

Дар ҳолати ҳайз ва нифос чӣ корҳо кардан раво нест:

Бар зане, ки дар ҳолати ҳайз ё нифос қарор дорад, анҷоми корҳои зерин дуруст нест, то вақте ки пок гардида, ғусл намояд:

1. Намоз гузоридан.

2. Рӯза доштан.

3. Тиловати Қуръон кардан ва ё онро ба даст гирифтан (агар чи варақе аз Қуръон бошад).

4. Ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кардан.

5. Дар сафари Ҳаҷ бошад, тавофи хонаи Каъба намудан.

6. Дохили масҷид шудан.

Барои шахси ҷанобатрасида чунин амалҳои зерин раво нест, то замоне ки ғусл намояд:

1. Намоз гузоридан.

2. Тиловати Қуръон кардан ва ба даст гирифтани он (агар чи варақе аз Қуръон бошад).

3. Дохили масҷид шудан.

4. Тавофи хонаи Каъба кардан.

Бинобарин, ғайри ин чизҳои зикршуда, дигар корҳо барои зани ҳоиз ва марди ҷунуб раво аст, монанди: ғизо хӯрдан, таъом пухтан, ҳамсӯҳбат шудан, тифл маконидан, зикру дуъо хондан. Ва агар зану шавҳар бошанд, дар як бистар бо ҳам хобиданашон (аз ғайри ҷимоъ кардан) низ ҷоиз ва раво аст.

Дар рӯзҳое, ки зан ба сабаби ҳайз ва ё нифос аз намоз ё рӯзаи худ мондаву онҳоро анҷом надодааст, баъд аз гузаштани он рӯзҳо намозҳояшро қазо намегузорад, вале рӯзаашро қазо медорад, зеро ки рӯза (мисли рӯзаи Рамазон) дар соле як бор аст ва қазогияшро ҳам адо кардан душвор нест, ба хилофи намозҳои панҷгона, ки онҳо ҳар рӯз мебошанд.

 

+ Дар баёни ғусл +

(Шустани ҳамаи аъзои баданро ғусл мегўянд).

Ҳар гоҳе ки мусалмон ба балоғат мерасад, бояд ки фароизи ғусл ва сабабҳои онро бидонад.

Ғусл ду хел аст: Ғусли фарз ва ғусли суннат.

Сабабҳои ғусл

Ҳолатҳое, ки баъди онҳо ғусл кардан фарз мегардад, чунинанд:

1. Пас аз баромадани манӣ ба тариқи ҷаҳидан ва шаҳват.

2. Ҷимоъ кардан, (заношуӣ кардан, агар чи манӣ хориҷ нагардад. Инчунин ба дохил кардани сари андоми мард дар андоми зан, ҳукми ҷимоъро дорад, ки ба ҳарду) ғусл кардан фарз мешавад.

3. Эҳтилом шудан, (яъне ҳангоми хоб баромадани манӣ) ғуслро фарз мегардонад.

4. Вақте, ки муддати рўзҳои ҳайзи зан ба охир мерасад, ғусл карданаш фарз мегардад.

5. Вақте, ки муддати рўзҳои нифоси зан ба охир мерасад, ғусл карданаш фарз мегардад.

Фарзҳои ғусл

Дар ғусл се чиз фарз аст:

1) Шустани даҳон.

2) Шустани бинӣ.

3) Шустани тамоми бадан ба ҳадде, ки ҷое аз бадан хушк намонад.

Тариқи ғусл кардан

Одоби ғусл кардан чунин аст: Аввал бояд наҷосатро аз бадан тоза шуста шавад, сипас вузўъ мекунад (агар дар ҷои об ҷамъ мешудагӣ ғусл кунад, пояшро намешӯяд, балки онро баъди ғусл мешӯяд вагарна пойашро низ мешӯяд). Пас ба ҷои оббозӣ омада, нияти ғуслро мекунад, ки ў аз барои пок шудан ва ибодат кардан ғусл мекунад. Нияти ғусл кардан бо дил кифоя аст, монанди ин, ки гўяд: «барои пок шудан аз ҷанобат ва адо кардани намоз ғусл мекунам». Сипас, дастонашро то банд себор бишўяд ва даҳонашро тоза мешўяд ва пас дохили бинияшро ҳам мешўяд ва сипас бар сари худ ва китфи рост ва бар китфи чап обро рехта, тамоми баданашро тоза бишўяд, ки ҷое аз бадан хушк намонад. Барои занҳое, ки кокул доранд, кифоя аст, ки таҳти муйашонро некў бишўянд (яъне кушодани ҳар кокул барояшон шарт нест ва агар зоҳири онҳоро бишўянд, дар ҳоле, ки барояшон машаққат набошад, боз ҳам беҳтар аст).

 

Ғуслҳои суннатӣ

Дар рўзи ҷумъа пеш аз намози ҷумъа ва дар рӯзҳои иди Рама з он ва Қурбон ва иҳроми Ҳаҷ ва А рафот ғусл кардан суннат аст. Инчунин уламо гуфтаанд: вақте кўдаке, ки болиғ шавад, ё кофире мусалмон шавад, ё шахсе маййитеро ғусл диҳад, сипас ғусл кардан бар инҳо низ мустаҳаб аст.

! Фасл дар баёни пок намудани наҷосатҳо!

Яке аз шартҳои дигари намоз таҳорат ва покӣ аз палидиҳо аст. Бинобарин, шахси намозгузор бояд ин шартро қабл аз намоз ба ҷо биёрад ва худро аз нопокиҳо дур созад. Дар шариъати мо нопокиҳоро «наҷосат» меноманд, ки уламо онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд.

Пас, наҷосат ду хел мебошад: Наҷосати вазнин (ғализа) ва наҷосати сабук (хафифа). Наҷосати вазнин мисли: хун, арақ, бавл, оби даҳони саг, хук ва он чизҳое, ки аз махраҷи одамӣ мебарояд. Наҷосати сабук мисли: пешоби асп, гӯсфанд, гов ва пешоби ҷондоре, ки гӯшташ хӯрданӣ аст (ғайри пасафкандаи мурғ) наҷосати сабук аст. Ин ду намуд наҷосат наҷосати ҳақиқӣ аст, ки баъзеи онро бо чашм дидан мумкин аст ва баъзеро имкони дидан нест. Монанди хун, ки дида мешавад ва монанди пешоб, ки баъд аз хушк шуданаш дида намешавад.

Пас, ҳар касеро ки дар баданаш наҷосат расад, ё дар либосаш расад, ё дар ҷои намозаш расад, онро бояд дур созад ва мавзеъи расидаро пок намояд. Дар ҷое, ки наҷосати вазнини аён (мисли хун) афтода бошад, то дур кардани рангу ҳаҷмаш шуста мешавад, агар чи баъди дур кардан, асаре аз он боқӣ монад, зиёне надорад. Аммо наҷосате, ки онро дида нашавад (мисли пешоб ё арақ) то се бор бо фишурдани ҷома (агар имкони фишурдан бошад) шуста мешавад, ё то вақте, ки дили шӯяндааш ором бигирад, шуста мешавад.

 

Дар баёни истинҷо

Маънии истинҷо – тоза ва дур кардани наҷосат аз бадан (махраҷ) аст. Истинҷо кардан барои марду зан, суннати муъаккада аст. Истинҷоро бо санг, кулӯх, коғази махсус ва бо об карда мешавад. Аммо бо саргин, устухон, бо таъоми ҳайвонот ё одамӣ ва ба дасти рост истинҷо кардан макрӯҳи таҳримӣ аст. Инчунин ҳангоми қазои ҳоҷат ё истинҷо кардан, рўй сўи қибла ва пушт сўи қибла кардан макрўҳ аст. Баъд аз анҷоми истинҷо барои касе, ки аз бақияи пешоб солим нест, истибро карданаш лозим аст. Истибро баровардани бақияи пешоб аст, ки бо сурфидан ё қадам задан хориҷ карда мешавад.

Вақте, ки наҷосат дар атрофи махраҷи одамӣ зиёда аз миқдори дирҳами шаръӣ[3] паҳн гардад, пас истинҷо кардан фарз мебошад.

Вақте, ки наҷосат ба қадри дирҳам паҳн шавад, пас истинҷо кардан воҷиб мегардад.

Вақте, ки наҷосат камтар аз қадри дирҳам паҳн мегардад, истинҷо кардан суннати муаккада мебошад.

Агар наҷосат дар атрофи махраҷ паҳн нашавад (чун баъди бавл кардан), пас истинҷо кардан мустаҳаб аст.

Мусалмонеро, ки таҳораташ аз сабаби хоб, ё қай кардан шикастааст, истинҷо намекунад.

@ Масъалаи об @

Барои таҳорат истифодаи ҳамаи обҳои табиъӣ дуруст аст. Агар чизи пок (мисли шираи мева ё дарахт) дар об омехта шуда, онро тағйир диҳад, ба тавре ки аз табиъати обӣ барорад, пас истифодаи чунин об низ барои таҳорат дуруст нест. Табиъати об - тунукӣ ва ҷоришавии он аст. Бинобарин бо обе мисли шўрбо, сирко ва монанди инҳо таҳорат кардан дуруст нест.

Агар дар ҳавзе, ки дарозиву паҳноияш аз даҳ бар даҳ газ бошад (тақр. 7×7 м.) ва ё калонтар аз он ва дар вай наҷосате афтод, ки ранг, ё мазза, ё буйи обро тағйир диҳад, пас оби ҳавз палид мешавад ва оби он барои таҳорат дуруст нест. Аммо дар чунин оби калон ё оби ҷорӣ, агар наҷосат афтодаву яке аз сифатҳои обро (чун мазза, ё бўй, ё рангашро) тағйир надиҳад, пас оби он палид намешавад ва барои таҳорат кардан раво аст.

Бинобарин дар обе, ки миқдораш кам аз даҳ ба даҳ газ бошад (мисли як сатил об) ва наҷосате дар вай биафтад, оби вай палид мешавад, агар чи ҳеҷ як аз сифати обро тағйир надиҳад.

Аммо дар об афтода мурдани ҳашароте, ки хуни ҷорӣ надоранд ва ё ҷондоре, ки таваллуд ва вафоташ дар об аст, (монанди моҳӣ) обро палид намесозад ва истифодаи чунин об раво аст.

Агар обро пештар барои таҳорат ё ғусл кардан истеъмол карда бошанд, яъне баъди ғусл, ё таҳорат, ё дур кардани наҷосат обе боқӣ мондааст, чунин об низ барои таҳорат кардан салоҳият надорад, ки ин гуна обро – оби мустаъмала меноманд.

 

! Масъалаи оби пасхўрда!

1). Оби пасмондаи одамӣ пок аст, агар чи кофир бошад, ба шарте ки арақ ё наҷосате дар даҳонаш набошад. Инчунин пасхўрдаи ҳайвоне, ки гўшти вай ҳалол аст ва пасхўрдаи паррандаи ҳалолхўр низ пок аст ба шарте, ки оби даҳонаш бо наҷосат омехта набошад.

2). Пасхўрдаи хук, саг ва ҳайвони ваҳшӣ (мисли гург, шер ва монанди инҳо) палид аст.

3). Пасхўрдаи паррандаҳои ваҳшӣ ё мурғи хонагие, ки даҳонаш аз палидӣ эмин нест ва хазандаҳои хонагӣ мисли: муш, мор ва гурбаи хонагӣ - макрўҳ аст.

4). Пасхўрдаи хар ва хачир машкук (шубҳадор дар покӣ ва палидӣ) аст. Бинобарин, агар дигар оберо барои таҳорат, ғайри пасхўрдаи хар ё хачир наёбанд, бо он таҳорат кунанд раво аст, вале пеш аз вузўъ ё баъди он таяммум низ мекунанд.

Ҳукми арақи бадани ин ҷондорон низ монанди пасхўрдаашон аст. Яъне агар ҳайвони пасхўрдааш наҷосат бошад, пас арақи баданаш низ наҷосат аст ва агар пок бошад, арақаш низ пок аст.

Пўсти ҳайвоноти ҳалолгўшт (мисли гов) пас аз забҳ кардани он, пок мегардад, агар чи пеш аз дубоғат (коркард ё хушк шудани он) бошад.

Пўсти хук палид аст, агар чи онро дубоғат карда шуда бошад. Аммо пўсти ҳайвоноти ваҳшӣ ба забҳ ва баъд аз дубоғат кардан пок мешаванд. Яъне дар болои ин пўстҳои пок намоз гузоридан ва ё пўшидани онҳо дар намоз дуруст аст. Вале пўшидан, хариду фурўш кардан ва истифода бурдани пўсти хук ҳаром аст.

$ Масъалаи чоҳ $

Дар чоҳе, агар ҳайвоне монанди саг ё гўсфанд бияфтад ва ҳалок шавад, тамоми оби онро кашида мешавад, агар имкони кашидани он буд. Ва агар имкон нест, аз дусад то сесад сатил оби онро кашида мешавад. Агар ҷондоре мисли: гурба ва мурғ дар он афтод, аз чиҳил то шаст сатил оби онро мекашанд. Агар ҷондоре монанди муш ва гунҷишк афтод, аз бист то сӣ сатил оби онро кашида мешавад. Агар ҳайвони дар чоҳ афтода пўсида набошад, сипас намозҳои якшабонарўзро аз сар бигзоранд касоне, ки аз оби он таҳорат карда бошанд. Агар ҳайвони афтода дар чоҳ пўсида бошад, сипас намозҳои сешабонарўзаро аз сар гузоранд, касоне, ки аз оби он таҳорат карда бошанд. Ин ҳукм дар ҳоле аст, ки вақти афтодани ҳайвонро касе надониста бошад ва агар вақти афтоданаш маълум бошад, пас аз ҳамон вақти афтодани ҳайвон, оби чоҳро палидшуда меҳисобанд.

 

% Дар баёни таяммум %

Таяммум – ҷонишини таҳорат ё ғусл аст, дар ҳолате, ки барои таҳорат ё ғусл аз истеъмоли об ба сабабе оҷиз монад.

Баъзе аз ҳолатҳое, ки шахс барои истифоди об оҷиз мемонад ва таяммум кардан барояш раво мегардад,чунинанд:

1. Ба сабаби дур будани об ба масофаи як мил (тақрибан 1,8 – 2 км.) ва ё зиёда аз он дар сафар ва берун аз шаҳр.

2. Агар об мавҷуд аст, вале аз сабаби душман ё ҳайвони ваҳшӣ будан, истифодаи он дастрас набошад.

3. Ба сабаби хунукии хеле сахт, ки агар обро истеъмол кунад, шахси ғуслкунанда ҳалок ё бемор мешуда бошад.

4. Бо сабаби бемории сахт, ки агар бемор обро истифода барад, беморияш зиёдтар шавад.

5. Обро дар чоҳе дарёфт карда шаваду барои гирифтани он олатеро наёбанд.

6. Мусалмоне, ки дар шаҳр ба сӯи намози Ид ояду имомро дар намози Ид дарёбад ё сӯи намози ҷаноза ояд (агар ӯ соҳиби мурда набошад) ва имомро дар намоз дарёбад, пас дар чунин ҳолатҳо таяммум кардан ба шахсони маъзур раво аст.

Таяммумро бо чизе аз чизҳои замин (ҳамчун: хок, рег, санг), ки поку тоза бошанд, карда мешавад.

Тариқи таяммум кардан

1. Замин ё санге, ки дар он таяммум карда шавад, бояд аз наҷосатҳо пок бошад.

2. Ният кардан дар таяммум шарт аст, ки “аз барои намоз гузоридан” ният карда мешавад.

3. Бо ду кафи дастон бар замин як зарба зада, бо он рӯяшро пурра як бор масҳ мекунад.

4. Бори дигар дастонашро ба замин зада, бар ду даст бо ҳамроҳии оринҷҳояш масҳ мекунад. Агар байни ангуштон чанг ё хок нарасида бошад, пас бори саввум бар замин даст занад ва байни ангуштонро хилол намояд.

Таяммумро пеш аз вақти намоз кардан раво аст, вале баъди даромадани вақти он беҳтар аст. Бо ҳамон як таяммум, намозҳои фарзиву қазоӣ ва суннативу нафлиро гузоридан раво аст.

Шиканандаҳои таяммум

1. Ҳар он чизе, ки таҳоратро мешиканад, таяммумро низ мешиканад.

2. Агар шахси таяммумдошта ба истифода бурдани об қодир шавад, (яъне обро ёбад) ё бемор буд, ки беморияш сиҳат шавад ва барои таҳорат кардан қодир шавад, таяммумаш мешиканад.

 

❁❁❁

s Масоили намоз g

Вақтҳои Намоз

Ҳар як намозро дар вақти худ гузоридан, бар намозгузор лозим ва зарур аст ва онро пеш аз вақт ё баъд аз вақти онҳо бидуни узри шаръӣ гузоридан раво нест.

Вақтҳои намоз ба ин тартибанд:

1. Вақти намози Бомдод аз дамидани субҳи содиқ то намоён шудани қоши офтоб аст, дар самти уфуқ. Намози Бомдод: 2-ракъат суннат ва 2-ракъат фарз аст.

2. Вақти намози Пешин – аз гузаштани офтоб аз мобайни осмон аст, то ду баробар шудани сояи ҳар як чиз бар дучанди он аст, ғайри сояи аслӣ. Намози Пешин: 4-ракъат суннат, пас 4 - ракъат фарз ва пас 2-ракъат суннат аст.

3. Вақти намози Аср – баъди намози пешин буда, то фурӯ рафтани офтоб аст. Намози Аср: 4-ракъат фарз мебошад.

4. Вақти намози Шом – аз фурӯ рафтани офтоб сар мешавад, то фурӯ рафтани сурхие, ки пас аз офтоб намоён мешавад (ин сурхиро шафақи сурх мегӯянд). Намози Шом: 3-ракъат фарз ва 2-ракъат суннат аст.

5. Вақти намози Хуфтан – баъди вақти Шом аст, то баромадани субҳи содиқ ва вақти намози Витр баъди Хуфтан аст, то дамидани субҳ. Намози Хуфтан: 4 - ракъат фарз ва 2-ракъат суннат ва сипас 3-ракъат витри воҷиб аст.

 

Шартҳои намоз

Мусалмони намозгузор пеш аз барпо кардани он бояд шартҳои намозро ба ҷо биёрад, ки чунинанд:

1. Таҳорати бадан (яъне ботаҳорат будани намозгузор аст).

2. Тоза ва пок будани ҷойи намоз аз наҷосатҳо аст.

3. Тоза ва пок будани либоси намозгузор низ аз наҷосати ғайри авфшуда аст.

4. Шинохтани вақти ҳар як намоз аст, (яъне бояд ҳар як намозро дар вақти худ гузорад, на пеш аз вақт ва на баъди он).

5. Руйи худро ба тарафи қибла кардан, ҳангоми намоз аст.

6. Пӯшонидани аврат (шармгоҳ) аст, ки аврати мард аз ноф то зери зонуяш аст ва аврати зан тамоми бадани ўст, ғайри рӯй ва кафи ду даст ва қадам (яъне поён аз шитолинги пой).

7. Нияти намоз шарт аст, (яъне бояд таъйин кунад, ки намозаш фарз аст, ё воҷиб, ё суннат, ё қазоӣ...).

 

Тариқи Намоз гузоридан

Барои мисол нияти намози Бомдодро меорем: «Ният кардам бигузорам ду ракъат фарзи вақтии намози Бомдод, рӯй овардам ба қибла, қиблаам ба ҷиҳати Каъба, холисанлиллоҳи таъоло «Аллоҳу Акбар» – гуфта, ду дасташро то гӯш мебардорад ва дасти ростро болои дасти чап ниҳода, зери ноф медорад ва баъд «Сано» мегӯяд, ки чунин аст:

سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَ بِحَمْدِكَ وَ تَبَارَكَ اسْمُكَ وَ تَعَالىَ جَدُّكَ وَ لاَ إلَهَ غَيْرُكَ

«Субҳонака аллоҳумма ва биҳамдика ва табарокасмука ва таъала ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук». Баъди ин сураи «Фотиҳа»-ро мехонад:

ÉOó¡Î0 «!$# Ç`»uH÷q§9$# ÉOŠÏm§9$#

߉ôJysø9$#! Å_Uu‘ šúüÏJn=»yèø9$# ÇËÈ Ç`»uH÷q§9$# ÉÇÌÈ OŠÏm§9$# Å7Î=»tB ÏQöqtƒ É ÇÍÈ úïÏe$!$# x‚$­ƒÎ) ߉ç7÷ètR y‚$­ƒÎ)ur ÚÇÎÈúüÏètGó¡nS $tRω÷d$# xÞºuŽÅ_Ç9$# tÇÏÈ LìÉ)tGó¡ßJø9$# xÞºuŽÅÀ tûïÏ%©!$# |MôJyè÷Rr& öNÎgø‹n=tã ÎŽöxî ÅUqàÒøóyJø9$# óOÎgø‹n=tæ Ÿwur tûüÏj9!$žÒ9$# ÇÐÈ

l @;

Бисмиллаҳир-роҳманир-роҳим.

«Ал ҳ амду лиллоҳи роббил- а ламин, Арро ҳ манир-ро ҳ ими малики явмиддин. Ийяка наъбуду ва ийяка настаъин. Иҳдина сс иротол-мустақим, с иротоллазина анъамта а лайҳим, ғойрил-мағ д уби а лайҳим, вала дд ооллиин» (омин).

Баъди хондани сураи «Фотиҳа» боз як сураи дигареро мехонад, масалан сураи «Ихлос»-ро, ки чунин аст:

ö@è% uqèd ª!$# î ‰ymr& ª!$# ÇÊÈ ßÇËÈ ‰yJ¢Á9$# öNs9 ôNs9ur$Î#tƒ ö ‰s9qムô ÇÌÈ öNs9ur `ä3tƒ ¼ã&©! #·qàÿà2 7‰ymr& ÇÍÈ

«Қул ҳуваллоҳу а ҳ ад, Аллоҳу сс амад, лам ялид ва лам юлад, ва лам якуллаҳу куфуван а ҳ ад».

l @;

Баъди хондани ин сураҳо такбир гуфта, яъне «Аллоҳу акбар» гӯён, рукӯъ мекунад ва дар рукӯъаш се бор: «Суб ҳ ана раббиял- аз им» мегўяд ва сипас: «Самиъаллоҳу лиман ҳ амида» гуфта, қоматашро рост мекунад ва: «Раббана ва лакал- ҳ амд» гўяд. Пас боз такбир гуфта, ба саҷда меравад ва дар саҷда се бор: «Суб ҳ ана раббиял-а ъ ла» мегӯяд, ки дар ҳоли саҷда ором қарор бигирад ва пешониву бинияш бар замин ҳамвора расида бошад, сипас такбир гуфта, дар ҷояш ба қадри як тасбеҳ биншинад ва бори дуввум саҷда кунад. Сипас, такбир гуён, рост меистад, ки дар маҷмўъ ин як ракъат мешавад. Ракъати дуюмро низ монанди аввал мехонад, вале пас аз ду саҷда кардан бар ҷои худ мешинад ва дар ҳоли нишастагӣ, «Аттаҳиёт»-ро мехонад, ки чунин аст:

التَّحِيَّاتُ ِللهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ السّلاَمُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللهِ وَ بَرَكَاتُهُ السَّلاَمُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللهِ الصَّالِحِين. أَشْهَدُ أَنْ لآ إلَهَ إلاَّ اللهُ وَ أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَ رَسُولُهُ.

«Атта ҳ ийяту лиллаҳи ва сс алавоту ваттоййибат, ассаламу а лайка аййуҳаннабийю ва ро ҳ матуллоҳи ва баракатуҳу ассалому а лайна ва а ло ибаддиллаҳи с - с оли ҳ ин, ашҳаду ан-ла илаҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Му ҳ аммадан а бдуҳу ва расулуҳу».

Сипас, салавот мехонад, ки чунин аст:

اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ وَ عَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إنَّكَ حَمِيدٌ مَّجِيدٌ, الَّلهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ عَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيم وَعَلَي آلِ إبرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَّجِيدٌ٠

«Аллоҳумма с олли а ло Му ҳ аммадин ва а ло оли Му ҳ аммад, камо с оллайта а ло Иброҳима ва а ло оли Иброҳим, иннака Ҳ амидун Маҷид. Аллоҳумма борик а ло Му ҳ аммадин ва а ло оли Му ҳ аммад, камо боракта а ло Иброҳима ва а ло оли Иброҳим, иннака Ҳ амидун Маҷид».

Сипас чунин дуъоро бихонад мустаҳаб аст:

رَبَّنَا ءاتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ

«Раббана отино фиддуня ҳ асанатан ва фил-ахироти ҳ асанатан -ва қино аз обаннор». (Ва ё дигар аз дуъоҳои суннатиро низ дар ин мавзеъ бихонад раво аст).

Баъди хондани ин дуъоҳо ба ду тараф салом медиҳад, яъне ба ҷониби рост ва сипас ба ҷониби чап сарашро гардонида: «Ассаламу а лайкум ва ра ҳ матуллоҳ» мегӯяд.

Ин аст тариқи намоз гузоридан бо ҳамаи фароизу воҷибот ва суннатҳояш, вале дар намоз фароиз ва воҷибот ва суннатҳо аст. Дар вақти намозгузорӣ бояд ҳамаи фарзҳо ва воҷиботи намозро риоя кард. Зеро агар фарзе аз фароизи намоз беузр тарк шавад, намоз вайрон мешавад. Дар тарки воҷибе аз воҷиботи намоз бар қасд намоз ноқис шуда онро аз нав мегузорад. Аммо дар ҳолати фаромўшӣ (саҳван) тарк кардани воҷибе аз воҷиботи намоз, бо саҷдаи саҳв тадорук мешавад.

Агар суннат ё одобе аз намоз тарк шавад, намоз вайрон намешавад, вале дар аҷру савоби он халал дорад. Бинобарин барои аҷри бештар ҳосил кардан аз намоз, суннатҳову одоби намозро бо ҳузури дил ва ихлоси том гузошта шавад.

Фарзҳои намоз

1. Такбири таҳрима - такбири ифтитоҳ, ки бо лафзи “Аллоҳу Акбар” шурўъ мешавад ва пас аз он набояд намозро бе узр вайрон кунад.

2. Қиём – яъне дар намози фарз ва воҷиб барпой истодан, агар узре набошад, (мисли бемори барҷомонда,ё пири нотавон).

3. Қироъат – яъне дар вақти барпо истодан, чизе аз Қуръони маҷид қироъат кардан фарз аст, (ба миқдори як ояти дароз ё се ояти кўтоҳ).

4. Рукӯъ кардан фарз аст, (яъне пуштро ҳамвор дошта, ба миқдори як тасбеҳ дар он қарор гирифтанро рукўъ гўянд).

5. Саҷда кардан (яъне ду бор саҷда кардан ба ин тариқ, ки: пешониаш ҳамвора дар замин бирасад, аммо бо ҳафт узв сачда кардан суннат аст, ки ин: пешони, ду даст, ду зону ва ду сари ангуштони пой, дар замин ҳамвор ва ором қарор бигиранд).

6. Дар қаъдаи охир нишастан ба миқдори «Аттаҳиёт» (яъне нишастан ба андозае, ки то лафзи “Абдуҳу ва расулуҳу”– ро хонда битавонад) фарз аст.

Воҷиботи намоз

1. Дар такбири таҳрима лафзи «Аллоҳу Акбар» гуфтан, воҷиб аст.

2. Дар ду ракъати аввали намози фарз ва дар ҳар ракъати намозҳои суннат, якбор сураи «Фотиҳа»-ро хондан воҷиб аст.

3. Дар ду ракъати фарз ва дар ҳамаи ракъатҳои ғайри фарз баъди фотиҳа, як сураи дигар хондан (ё як ояти дароз ва ё се ояти кӯтоҳ хондан воҷиб аст).

4. Сураи фотиҳаро пеш аз сура хондан воҷиб аст.

5. Қаъдаи аввал, (яъне дар намозҳои 3 ва 4-ракъатӣ дар ракъати дуввум нишастанро қаъдаи аввал мегӯянд, ки он воҷиб аст).

6. Дар ҳар ду қаъда “ Аттаҳиёт ” хондан воҷиб аст.

7. Таъдили рукнҳои намоз, (яъне дар вақти рукӯъу саҷда ором гирифтан воҷиб аст).

8. Қавма ва Ҷалса (яъне баъд аз рукӯъ баргашта, ба қадри як тасбеҳ ором истоданро “қавма” мегӯянд ва дар байни ду саҷда ба қадри як тасбеҳ ором гирифтанро “ҷалса” мегӯянд).

9. Тартиб - яъне байни қиём ва қироъат ва байни рукўъ ва саҷда тартибро риоя кардан воҷиб аст. Бинобарин бояд қиёмро пеш аз рукўъ ва рукўъро пеш аз саҷда кардан лозим аст. Инчунин ҳар як воҷибро дар ҷои худаш иҷро кардан низ воҷиб аст.

10. Дар намозҳои Бомдод, Шом, Хуфтан ва Ҷумъаву намози иди Рамазону Қурбон, баланд қироъат кардани Имом воҷиб аст.

12. Дар намозҳои Пешину Аср ва намозҳои суннатӣ паст қироъат кардан воҷиб аст.

13. Дар намози Витр дуъои «Қунут»-ро хондан воҷиб аст.

14. Такбироти Идайн – яъне дар намози Иди Рамазон ва Қурбон баъди такбири иҳром 3-такбирот ва пеш аз рукӯъи ракъати дуввум низ 3-такбирот гуфтан воҷиб аст.

15. Сукути муқтадӣ – яъне дар намози ҷамоъат хомӯш истодани муқтадӣ дар вақти кироъат кардани Имомаш, воҷиб аст.

16. Дар вақти аз намоз баромадан, лафзи «Ассалому а лайкум» гуфтан,воҷиб аст.

18. Касе, ки яке аз ин воҷиботҳоро аз фаромӯшӣ тарк мекунад, пас дар охири намоз саҷдаи саҳв карданаш воҷиб аст.

19. Касе, ки ояти саҷдаеро тиловат мекунад ё онро мешунавад, саҷдаи тиловат кардан бар вай воҷиб мешавад.

Агар намозгузор яке аз воҷиботи намозашро қасдан тарк кунад, макрўҳи таҳримӣ аст ва намозро бояд аз сар бихонад. Аммо аз фаромўшӣ (саҳван) тарк кардани воҷибе аз воҷиботи намозро вайрон намекунад, вале дар охир бо саҷдаи саҳв тадорук мешавад ва намоз дуруст мегардад.

Агар яке аз суннатҳои намозро қасдан тарк кунад, макрўҳи танзиҳӣ аст, вале намозаш дуруст аст ва чизе бар ў лозим нест.

Агар касе дар намозаш шак кард, ки чанд ракъат гузоридааст, агар ин ҳолат бори аввал бо ў мешавад, намозро аз нав мегузорад. Агар ин дар одати вай бошад ва надонист, ки дар кадом ракъат аст, пас ба кадом ҳолате, ки гумонаш ғолиб шавад, аз ҳамон адад гирад ва намозро давом дода, онро адо намояд. Аммо дар ин ҳолат гумонаш низ ба ягон тараф ғолиб нашавад, пас ракъати ками онро бигирад, вале баъди ракъати сеюм қаъда намояд то хондани “Аттаҳиёт”, сипас намозро комил намояд ва баъди салом саҷдаи саҳв мекунад, ки сипас намозаш дуруст мегардад.

Дар баёни саҷдаи саҳв

Ҳангоме, ки намозхон дар намозаш як ё зиёда аз воҷиботи намозро аз фаромӯшӣ тарк кунад, фарз ё воҷиберо ду бор такрор кунад, ё фарзеро аз ҷояш оқиб гузорад. Пас дар ҳамаи ин ҳолатҳо бар ӯ саҷдаи саҳв воҷиб мегардад, ки тариқи саҷдаи саҳв кардан чунин аст:

Дар охирин ракъати намоз, баъд аз аттаҳиётро хондан, ба ду тараф салом медиҳад (аммо агар имом бошад, ба як тараф салом медиҳад) ва боз ду саҷда мекунад ва бори дигар Аттаҳиёт ва салавотро бо дуъояш мехонад ва сипас салом дода, намозашро тамом мекунад.

Дуъои Қунут

Дуъои «Қунут»-ро дар намози Витр пеш аз рукӯъи ракъати сеюм хонда мешавад, ки чунин аст:

اللَّهُمَّ إِنَّا نَسْتَعِينُكَ وَنَسْتَغفِرُكَ وَنُؤمِنُ بِكَ وَنَتَوَكَّلُ عَلَيْكَ وَنُثْنِي عَلَيْكَ الخَيْر نَشْكُرُكَ وَلاَ نَكْفُرُكَ وَنَخْلَعُ وَنَتْرُكُ مَن يَفجُرُك

اللَّهُمَّ إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَلَكَ نُصَلّي وَنَسْجُدُ وَإِلَيْكَ نَسْعَى وَنَحْفِدُ نَرجُو رَحْمَتَكَ وَنَخْشَى عَذَابَكَ إِنَّ عَذَابَكَ بِالْكُفَّارِ مُلْحِق.

«Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъминубика ва натаваккалу а лайка ва нусни а лайкал-хайр, нашкурука ва ла накфурук ва нахлаъу ва натруку ман яфҷурук.

Аллоҳумма ийяка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъа ва на ҳ фиду нарҷу ро ҳ матака ва нахша а забака, инна а забака бил-куффари мул ҳ иқ».

 

$$$

 





Поделиться с друзьями:


Дата добавления: 2017-04-04; Мы поможем в написании ваших работ!; просмотров: 1190 | Нарушение авторских прав


Поиск на сайте:

Лучшие изречения:

Надо любить жизнь больше, чем смысл жизни. © Федор Достоевский
==> читать все изречения...

2298 - | 1984 -


© 2015-2024 lektsii.org - Контакты - Последнее добавление

Ген: 0.013 с.