Хафтаи нухум: Омори аҳолй ва захираҳои меҳнат
Дарси якум: Омори шумора ва ҳайати аҳолӣ.
1. Омори аҳолӣ (омори демографӣ) қонуниятҳои тағйпрёбии миқдори ҷойгиршавии аҳолӣ: шумора, ҳайат ва ҳаракати он; хусусият, суръат сабаб ва омнлҳоп тағйирёбии шумора, муҳоҷирати аҳолй, тавлид. фавг, давомнокин ҳаётро меомузад.
Омӯзиши шумораи аҳолӣ барои идоракунй ва нақшагирии инкишофи иқтисодию- иҷтимоии ноҳия зарур мебошад.
Методи асосии муайян кардани шумораи аҳолй иы барӯйхатгирии аҳолй аст. Ҳангоми барӯйхатгирӣ ду намуди аҳолй фарқ карда мешавад: доимӣ ва мавҷуда.
Аҳолии доимӣ - шахсонс мебошанд, ки дар маҳали аҳолинишин доимй истиқомат доранд.
Аҳолии мавҷуда - шахсоне мебошанд, ки дар вақти барӯихатгирӣ новобаста аз он, ки дар ин ҷо доимӣ ё муваққати истиқомат мекунанд, мавҷуданд.
Ҳангоми муайянкунии аҳолии доимӣ аҳолии муваққатан зиндагикунанда ва муваққатан ғоиб ба ҳисоб гирифта мешавад.
Аҳолии доимй аз рӯи баробарии зерин ҳисоб карда мешавад: АД = AM + АМҒ - АМЗ
дар ин ҷо
АД - аҳолии доимй
АМҒ - аҳолии муваққатан ғоиб
АМЗ - аҳолии мувақкатан зиндагикунандагон аз ин рӯ АМ = АД-АМҒ + АМЗ AM- аҳолии мавҷуда
Ҳисоби миёнаи аҳолӣ бо формулаи миёнаи хронологи муайян карда мешвад.
У = 1/2 У1 + У2 + УЗ + 4... + ШУп / п-1 дар ин ҷо
У- шумораи миёнаи аҳолӣ
Уп- шумораи аҳолӣ дар вақтҳои муайян
п- шумораи ҳоидисаҳо
Дарси дуюм: Омори ҳаракати табии аҳолй. Омори захира[ои меҳнати
Ҳаракати табиии аҳолй ин ҳолатҳои тавлид, фавт ва давомнокии ҳаётро меноманд. Ақди никоҳ талоқ, тағйирёбии давомнокии ҳаёт низ ба ҳаракати табиии аҳолй мансубанд.
Омор ҳаҷми мутлақи тавлид, фавт ва ҳаракати табиии ахолиоо муайян менамояд.
Дар омӯзиши табиии аҳолй танҳо бо бузургии мутлақ набояд маҳдуд шуд. Барои тавсифи интенсивияти равандҳо аз бузургиҳои нисби низ истифода бурдан зарур аст.
Бузургиҳоро бо промилле муайян менамоянд, яъне ба қазор нафар аҳолй ва коэффисиент ном дорад.
Коэффисиенти тавлид, фавт ва знёдшавии табиии ахоли барои тамоми аҳолй ва барои гурӯҳҳои синусолй, ҷинсй, иҷтимоӣ, ихтисосй ва дигар гурӯҳҳо як хел ҳисоб карда мешавад.
Коэффисиентҳои умумй ва махсуси ҳаракати табии аҳолиро фарқ мекунанд. Коэффнсиентҳои умумии тавлид, фавт ва зиёдшавии табии аҳолӣ - ин нисбати бузургиҳои мутлақ дар давраи муайяни вақт ба шумораи миёнаи аҳолй дар ҳамин давра мебошад.
К тавлид = * 1000;
К фавт = * 1000;
К афз. табий = * 1000;
S = ав. сол + S ох. сол/2
дар ин ҷо
N- шумораи тавлидшудагон
М- шумораи фавтидагон
S- шумораи миёйаи аҳолй
Коэффисенти махсуси тавлид барои маҷмӯи занҳои қобили тавлид ҳисоб карда мешавад.) Ба онҳо занҳои 15-49 сола дохил мешаванд. I
Мафҳумҳои аҳолии қрйили кор, захираҳои меҳнатй ва аҳолии шуғлнок мавҷуданд.
Аҳолии қобили кор - ин маҷмӯи одамони қобилияти меҳнатӣ дошта аз рӯи синну сол ва саломатиашон мебошанд. Синну соли қобили корй барои занҳо аз то 58 ва мардҳо аз 16 то 63 аст.
Захираҳои меҳнатии истифодашаванда - ин аҳолии шуғлнок мебошад.
Аҳолии шуғлнок - аҳрлиест, ки новобаста аз синну сол бо ягон кор машғуланд, ки даромад дорад.
Андозаи мутлақ ва нисбии захираҳои меҳнатй на танҳо us шумораи аҳолй, балки аз таркиби, ҷинсӣ, синну сол ва ҳолати тандурустии аҳолп вобастааст.
Барои тавсифи тағйироти захираҳои мсҳнатн нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбии дчнамикй-зиёдшавии мутлақ, суръати зиёдшавӣ ва барзиёдшавӣ ҳисоб карда мешавад.
Масъала: дар ноҳи 1 январи соли 2002 ҳолии мавҷуда 180 ҳаз. нафар буд. Аз он муваққатан истиқоматкунандагон 25 ҳаз. нафар, аз истиқоматкунандагони доимй муваққатан 6 ҳаз наф. набуданд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳо шумораи аҳолии доимй 1 январи 2003 муайян карда шавад.
Роҳи ҳал:
Шумораи аҳолии доимиро бо АД, мавҷуда AM, аҳолии муваққатан зиндагикунанда - АМЗ, аҳоли муваққатан ғоиб АМҒ ишора намуда, муайян менамоем:
АД = AM + АМҒ - АМЗ:
АД = 180,0 + 6 - 2,5 = 183,5 ҳаз. нафар.
Дарси сеюм: Саволҳо ва супоришот
1) Тарзҳои муайянкунии шумораи аҳолй
2) Истифодаи бузургиҳои миёна ҳангоми муайянкунии шумораи аҳолӣ
3) Муайянкунии нишондиҳандаҳои ҳаракати титабиӣ ахрлй.
4) Мафҳумҳои зеринро шарҳ диҳед: аҳолии қобили меҳнатй дошта, захираҳои меҳнатй ва аҳолии шуғлнок.
Масъала: 1 январи 2002 дар вилоят 150 қаз. наф. аҳолии доимӣ гирифта шуд. Аз онҳо бо сабабҳои гуногун муваққатан дар ҳудуди вилоят 25 ҳаз. наф. набуданд. Гайр аз а[олии доимй дар ҳудуди вилоят 20 ҳаз. наф. аҳолии муваққатан будагон мавҷуд буд. Шумораи аҳолии мавҷуда дар 1 январи cоли 2003 муаян карда шавад.
Масъалаи 2: Аҳолии вилоят аз нишондиҳандаои зерин иборат буд (ҳаз. наф.):
1 январи соли 2002 - 151,1
1 апрели соли 2002 - 151,3
1 июн соли 2002- 151,2
1 декабри соли 2002 - 152,0
1 январи соли 2003 - 152, 1
Шумораи миёнаи аҳолӣ дар соли 200 2 муайян карда шавад.
Масъалаи 1.
Маълумот[ои зерин мавxуд аст: Шумораи умумии тавлид, фавт ва барзиёдии табии а[олb (бо [исобкуни ба 1000 нафар а[олb)
Сол[о | Шумораи тавлидшудагон | Шумораи фавтидагон | Шумораи миёнасолона | Барзиёдшавии Табии а[олb |
33,6 | 6,1 | 1666,4 | 27,5 | |
31,5 | 6,7 | 1729,4 | 24,8 | |
29,8 | 7,4 | 1759,6 | 22,4 | |
28,2 | 7,8 | 1783,7 | 20,8 |
Муайян намоед:
- Коэфитсиенти тавлид.
- Коэфитсиенти фавт.
- Коэфитсиенти барзиёшавии табии а[олb.
Масъалаи 2.
- {аракати табии а[олb чист?
- Коэфитсиенти [аракати табии а[оли чb тавр [исоб карда мешавад?
- Коэфитсиенти фавт чb тавр [исоб карда мешавад?
Дарси чорум:
Масъалаи 3.
Дар вилоят 1 январи соли 2009 2205,0 нафар а[олb мавxуд буд. Дар давоми сол [одиса[ои зерин ба вуreъ омад:
51,0 [азор кeдак тавлид шуд;
11,0 [аз. нафар фавтидан, аз xумла 0,8 [аз. синнашонто 1 сола.
ба истикомати доими омадагон 6,8 [аз нафар; ба дигар но[ия[о ба истиrомати доими рафтанд 12,6 [аз. наф. {иссаи зан[ои rобили тавлид дар шумораи миёнасолонаи а[олb 24%. Муайян намоед:
- Шумораи а[олb дар охири сол.
- Шумораи а[олb ба [исоби миёна.
- Коэфитсиенти умумии тавлид.
- Коэфитсиенти махсуси тавлид.
- Коэфитсиенти умумии фавт
- Барзиёдшавии мутлаrи табии а[олb
Масъалаи 4.
Маълумот[ои зерин дода шуда аст:
Сана | 1,01,2009 | 1,04,2009 | 1,06,209 | 1,10,209 |
Шумораи захира[ои ме[нати | 270,0 | 272,0 | 271,0 | 272,0 |
Шумораи миёнаи захира[ои ме[натиро муайян намоед.
Масалаи 5
Шумораи захира[ои ме[натии но[ия дар авали квартали якуми соли 2008 323 [аз наф. квартали дуюм 328 [аз. наф. кваратали сеюм 330. [аз. наф. квартали чорум 33. [аз. наф.
Шумораи миёнаи захира[ои ме[нати дар [ар як нимсола ва дар як сол муайян карда шавад.
Пурсиши умумии донишxeён
Хафтаи дахум: Омори боигарии миллй
Дарси якум: Омори ҳаҷм ва ҳайати боигарии миллй. Омори фондҳои асосй
Маҷмӯъи неъматҳои моддй, ки дар натиҷаи меҳнати наслҳои гузашта дар ҷамъият андӯхта шудааст ва захираҳои табиӣ қобили истифода боигарии (сарвати) миллй номида мешавад.
Ба вазифаи омори боигарии миллй тавсифи омории ҳаҷм, таркиб, динамика ва истифодаи самараноки тамоми боигарй ва унсурҳои он дохил мешавад.
Омор баъд масъалаҳои амалии ташкили мушоҳидаҳо ва мукаммалгардонии усулҳои коркард ва таҳлили маълумогро дар дараҷаҳои гуногун мувофиқи системаи нишодиҳандаҳо ҳал кунад.
Қисми асосии ҳайати боигарии миллиро молу мулки миллй ташкил мекунад. Ин захираи неъматҳои моддиест, ки ҷамъият дар вақти муайян дороет ва барои пешрафти истеҳсолот истифода бурда мешавад. Таснифи зерини молу мулки миллй қабул карда шудааст:
I. Фондҳои истеҳсолй, пасандоз ва захираҳо:
А) Фонди асосии истехсолй
Б) Пасандозҳои моддй барои истеҳсолот ва захираҳо.
II.Молу мулки истеъмолй:
A) Фондҳои асосй ғайриистеҳсолӣ.
Б) Захираи мол ва маҳсулот.
B) Молу мулки шахсии аҳолӣ.
Фондҳои асосй қисми муҳимтарини боигарии миллй ба ҳисоб меравад. Ба вазифаҳои омӯзиши омории фондҳои асосй омӯзиши ҳаҷм, таркиб, динамикам фондҳои асосй, ошкор сохтани захираҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи фондҳои асосй дохил мешаванд.
Фондҳои асосии истеҳсолй арзишашонро ба маҳсулот қисм ба қисм мегузаронанд. Азбаски фондҳои асосй вақти зиёд истифода бурда мешаванд, ба онҳо арзишҳои зерин хосанд: арзиши ибтидой ва арзиши пурраи барқароркунй.
Дар баланс мавҷудияти фонди асосй дар аввалм сол, ҳаракати солонаи онҳо, дохилшавӣ, хориҷшавӣ ва мавҷудият дар охири сол нишон дода мешавад. Ин баробарӣ чунин ифода меёбад:
Оа+Д=Х+Оо
днр ин ҷо
Оа-фондҳо дар авали сол
Д-дохилшавии фондҳо
Х-хориҷшавии фондҳо
Оо- фондх,о дар охири сол
Аз рӯи балансҳо нишодиҳандаҳои ҷамъбастй тавсифи ҳолати ФАИ муайян карда мешавад.